Аҳмадзода ба ҷойи Қодирӣ узви Маҷлиси Олӣ интихоб шуд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар Раҷаббой Аҳмадзода ба узвияти Маҷлиси Миллӣ пешбарӣ карда шуда буд

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Ахмадзода ба ҷойи Абдураҳмон Қодирӣ,  раиси пешини вилояти Суғд аъзои Маҷлиси Олии ҶТ интихоб гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ёдрас мешавем, пештар дар моҳҳои июни соли 2018 Абдураҳмони Қодирӣ ба ихтиёри худ аз узвияти Маҷлиси Олии кишвар даст кашида буд.

Охирҳои моҳи июнвВакилони халқи вилояти Суғд номзадии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аъзогии Маҷлиси миллии Масҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.

Ахиран 27 июл дар Хуҷанд, дар ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Интизор меравад, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, 2 август дар Душанбе иҷлосияи шонздаҳуми палатаи болоии парлумони мамлакатро даъват кунад.

Дар назар аст, ки зимни ҷаласа муовини нави раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб гардад. Интизор меравад, ки ба ин мақом Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд интихоб гардад, ки ахиран ба ҷои Абдураҳмон Қодирӣ ба узвияти Маҷлиси Миллӣ пешбарӣ шуд.

Лентаи хабарҳо
0