Ситораҳои рус дар маҷаллаи Forbes аз рӯи се омил баҳогузорӣ шуданд: даромади молӣ дар як сол, аҳамият расонаҳо ба онҳо ва шавқи мухлисон дар интернет.
Маҷаллаи Forbes аз 1 июни соли 2017 то 31 майи соли 2018 ҳаққи заҳмати умумии чеҳраҳои шинохта, варзишкорон, нависандаҳои русро ҳисоб кардааст.
Маҷалла мақолаи расонаҳо ва барномаҳои телевизиониро, ки дар он ситораҳои рус ишора мешуданд, барои таҳияи феҳристи мазкура истифода намудааст.
Инчунин барои таҳияи феҳрист аз интернет низ истифода шудааст.
Ба панҷгонаи доротарин ситораҳои Рус хоккейбоз Александр Овечкин бо 14,5 миллион доллар даромад дар як сол, овозхони гурӯҳи "Ленинград" Сергей Шнуров (13,9 млн. доллар), Филип Киркоров (8,9 млн. доллар), Георгий Лепс (8,2 млн. доллар) ва муҷрӣ Иван Ургант (8,5 млн. доллар) дохил шуданд.