ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, соҳибкори шаҳри Турсунзода ба маблағи беш аз 50,5 миллион сомонӣ маҳсулот доштааст, аммо дар эъломияи андоз ҳаҷми маҳсулотро ҳудуди 12,5 миллион сомонӣ нишон додааст.
Манбаъ мегӯяд, соҳибкор бо пешниҳоди ҳисоботи таҳрифшуда аз пардохти 932 ҳазор сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда саркашӣ кардааст. Ҷумаев инчунин дар пинҳон кардани 102 ҳазор сомонӣ андоз аз истифодабарандагони роҳ, 11 ҳазор сомонӣ андоз аз суди саҳмияҳо, 23 ҳазор сомонӣ андоз аз фоида, ҷамъ ба маблағи 1 миллиону 69 ҳазор сомонӣ андоз гунаҳкор дониста шудааст.
Додгоҳи шаҳри Турсунзода барои пинҳон кардани андоз, Қаландар Ҷумаевро ба 3 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум карда, се сол аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳрум намудааст.