ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар ин бора нависанда Виктор Шендрович ва аҳли адаби Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Войнович соли 1932 дар шаҳри Сталинобод, Душанбеи ҳозира, дар оилаи Николай Войнович, котиби масъули "Коммунист Таджикистана" ва муҳаррири рӯзномаи вилоятии "Рабочий Ходжента" таваллуд шудааст.
Николай Войнович соли 1936 бо туҳмат зиндонӣ шудааст ва писару ҳамсараш ба Ленинобод, Хуҷанди ҳозира барои иқомат рафтаанд. Баъди озодии Николай, хонаводаашон ба Украинаи шӯравӣ рафтааст ва маҳз дар ҳамин ҷо ҳаёти эҷодии Владимир Войнович оғоз гардидааст.
Шеъри "Четырнадцать минут до старта"-и Войнович, ки соли 1960 навишта шудааст, вирди забони кайҳонавардони шӯравӣ гардидааст.
"Степень доверия" ва "Жизнь и необычайные приключения солдата Ивана Чонкина" аз маъруфтарин асарҳои Войнович ба шумор мераванд. Нависанда солҳои 80-уми асри гузашта барои фаъолияти ҷамъиятияш аз Иттиҳоди Шӯравӣ ронда шуда, танҳо даҳсолаи баъд иҷозати бозгашт ба Ватан гирифтааст.
Марҳум дар баробари фаъолияти адабияш инчунин ба ҳайси ҳомии ҳуқуқ маъруф мебошад.