Рашку хиёнат: Дилшод барои қасди қатли Нодира боз маҳбасӣ шуд

CC0 / Pixabay / StockSnap / Свадьба, архивное фото
Свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дилшод Ваисов, сокини 31-солаи шаҳри Турсунзода, соли равон баъди раҳоӣ аз маҳбаси Русия қасди қатли Нодира Кулманова, собиқ ҳамсараш кардааст

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Дилшод Ваисов барои роҳзанӣ дар вилояти Маскав ба 4 соли зиндон маҳкум шуда, аввали соли равон озод шудааст.

Дар ин миён ҳамсараш Нодира Кулманова бо хонаводааш ҷанҷол намуда, тарки оила кардааст. Додситонӣ мегӯяд, Дилшод соли 2013 ба воситаи телефони мобилӣ аз ҳамсараш ҷудо шудааст.

Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон
Як марди тоҷик дар Русия аз рашк зану фарзанд кушт

Аммо баъди раҳоӣ аз хешовандонаш мефаҳмад, ки собиқ ҳамсараш бо Кенҷаев Маъруф, сокини шаҳри Турсунзода муносибати маҳрамона доштааст.

Аз ҳиссиёти рашк Ваисов моҳи феврали соли равон ба хонаи собиқ ҳамсараш омада, масъалаи хиёнатро ба миён гузоштааст.

Ба иттилои додситонӣ Қулманова иддаои хиёнатро рад кардаст, аммо Ваисов бовар накардааст.  

Ваисов даъво кардаст, ки хиёнатро исбот мекунад ва ҳамроҳи собиқ ҳамсару хешовандонаш ба хонаашон дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи Матқозимов рафтаанд.

Бар асоси иттилои додситонӣ, баробари ворид шудан ба меҳмонхона Дилшод ба Нодира ҳамла карда, панҷ бор бо корд ба аъзои баданаш зарба задааст. Дар пайи ин хешовандон пеши роҳи Ваисовро гирифтаанд ва Нодира дар беморхона бистарӣ шудааст.

Додгоҳи Турсунзода Дилшод Ваисовро дар сӯиқасди одамкунӣ айбдор дониста, ба 8 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Лентаи хабарҳо
0