Коррупсия не, куррӯда: шарҳи сабаби барканории Қурбон Саидзода

Обуна шудан
Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, сабаби барканории Қурбон Саидзодаро аз мақоми муовини Рустами Эмомалӣ оид ба нақлиёт шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Зувайдзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе иддаои рабт доштани барканории Саидзода ба фасодкорӣ ва камбудиҳои молиявӣ зимни вуруди автобусҳои нав ба пойтахтро рад намуд.

Ӯ изҳор доштааст, ки Саидзода баъди ҷаррҳии куррӯда ё худ "апендитсит" дучори мушкилоти дигар бо саломатияш шуд ва ба ҳамин далел аз мақомаш истеъфо дод. Зувайдзода таъкид намуд, ки барканории Саидзода ҳеч рабте ба вуруди автобусҳои нав дар пойтахт надорад.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе  24 майи соли равон Саидзода Қурбон Тағайро аз мақомаш озод кард. Шаҳрдорӣ далели барканориро хоҳиши  худи Саидзода гуфта буд.  Ба ҷойи ӯ Саидзода Фирдавс Ҳамро ба вазифаи муовини раиси шаҳр таъин гардид.

Лентаи хабарҳо
0