Сумангул Тағойзода: дар баробари мардон занон низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкРабочие на строительной площадке, архивное фото
Рабочие на строительной площадке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттилои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаш моҳи ахир беш аз 250 ҳазор нафар шаҳрванди ин кишвар ба муҳоҷират ба хориҷи кишвар рафтаанд

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт аз нафароне, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба хориҷа рафтаанд, аз 218 ҳазору 760 нафар мардҳо ва 32 ҳазору 487 нафарро занҳо ташкил медиҳад.

Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области - Sputnik Тоҷикистон
Шароити коргарони муҳоҷири тоҷик дар Макав баррасӣ шуд

Ба гуфтаи вай сафари шаҳрвандон барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷ аз кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 дарсад афзоиш ёфтааст.

Беш аз 240 ҳазор муҳоҷир дар ин давра ба Русия ва наздик ба 7 ҳазор ба Қазоқистон сафар кардаанд.

Тағойзода таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир зиёда аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Федератсияи Руссия кору фаъолият мекунанд, ки қисми зиёдашонро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0