ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, борони кутоҳмуддат меборад. Шабона +12+ 17 ва рӯзона +27 +32 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +39 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво боронӣ шуда, раъду барқ дар назар аст. Шабона 17+22 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, шабона +18+20 ва рӯзона +35+37 дараҷа гарм мешавад.