Маст буду чароғакро гузашт: чи гуна Фарзона "Опел"-ро заду "Ренҷ Ровер" -ро чаппа кард?

© МВД РТАвария на улице Саади Шерози в Душанбе
Авария на улице Саади Шерози в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нозирони роҳ дар Душанбе 8 ҳолати идораи воситаи нақлиётро аз сӯи ронандаҳои сархуш сабт кардаанд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Бозрасии автомобилии шаҳри Душанбе миёни 8 ронандаи маст, 2 нафарашон зан будаанд.

Манбаъ аз ҷумла Фарзонаи Элмурод, сокини 27-солаи пойтахтро зикр кардааст, ки нисфи шаби 21-уми июл дар ҳолати мастӣ мошин ронда, бо "Опел" бархӯрдааст.

"Фарзонаи Элмурод, ронандаи автомашинаи  "Ренҷ-Ровер", рақами қайди давлатияш 0777Х001, дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ, сарфи назар аз сурх будани чароғаки танзимкунанда,  ҳаракатро  давом дода ба автомашинаи "Опел-Астра" бархӯрдааст", — иттилоъ додааст БДА.

Улица Рудаки в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зану мард: Феҳрасти ронандаҳои маст дар роҳҳои Душанбе

Ин ниҳод афзуд, ки дар пайи бархӯрд "Ренҷ Ровер" чаппа шуда, ҳарду воситаи нақлиёт зарари техникӣ дидаанд.

БДА таъкид намудааст, ки феълан нисбати ронандаи "Ренҷ-Ровер" барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт, ки сабабгори асосии сар задани садама гардидааст мавод тартиб дода шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Инчунин БДА иттилоъ дод, ки дар ҳолати мастӣ Ҳакимов Мустақим Баҳромович — ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Зефира", Қутбиддинова Саида Файзуллоевна,  ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Абдураупов Фахриддин — ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Рабизода Сомонҷони Самӣ — ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Расулов Маҳмадзоҳир Салеҳович — ронандаи автомашинаи тамғаи "Чанху", Ҷамолов Валит Ҷумаевич — ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Каролла" ва Бобоҷонов Ҷамшед Муродалиевич — ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс"-ро боздошт намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0