ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Александ Сёмин - муттаҳам ба куштори Ҳувайдо —духтари панҷсолаи тоҷикро сокинони Маскав шинохтаанд, хабар медиҳад "Лайф".
Чунончӣ, сокини 42-солаи ноҳияи "Лианозово"-и Маскав ба полис занг зада, хабар додааст, ки Александр Сёмин ба марде монанд аст, ки моҳи май кӯшиши бурдани духтарчаи сесолаи ӯро аз майдончаи кӯдакона карда буд.
Духтарак он вақт бо бибиаш сайру гашт доштааст. Бибӣ аз кӯшиши марди номаълум зуд хабардор шуда, бонги хатар задааст, ки дар натиҷа мард фирор мекунад. Он вақт ӯро боздошт карда натавонистаанд.
Пас аз гузориши яке аз телевизионҳо зан Сёминро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо карда, акси ӯро ба дигар сокинони манзили истиқоматиашон нишон додааст, ки онҳо низ шинохтаанд.
Айни замон муфаттишон ин маълумотро тафтиш мекунанд.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки Ҳувайдо ном духтари панҷсолаи тоҷик дар Русия кушта шуд. Александ Сёмин ба иттиҳоми таҷовуз ва куштори бераҳмонаи духтарак боздошт шудааст. Шаби 24 июл ҷасади Ҳувайдо ба Душанбе интиқол дода шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ба Русия ёддошт ирсол карда, дар он аз мақомоти кишвар даъват намудааст, то тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад.