Рустами Эмомалӣ: барои пардохти қарзи барқи масрафшуда кормандони пулисро ҷалб кунед

© Сайт мэрия ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дастур додааст, ки барои ситондани қарзи мардуму корхонаҳо аз барқ кормандони пулис ҷалб шаванд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Рустами Эмомалӣ ба иллати афзоиши қарзи мардуму корхонаҳои пойтахти Тоҷикистон аз ширкати давлатии "Барқи тоҷик", дастур додааст, барои ситонидани қарз аз нерӯҳои пулис истифода кунанд, иттилоъ додааст вебгоҳи шаҳрдорӣ.

Шаҳрдори Душанбе таъкид кардааст, ки маблағи умумии барқи истифодашуда 287 миллион сомониро ташкил дода, ҷамъоварии он ба 266 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Ҳамин тавр мизони қарзи мардуму корхонаҳои шаҳри Душанбе аз барқ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 21 миллион сомонӣ баробар будааст.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Рустам Эмомалӣ барои иҷрои бечунучарои супоришҳои президент

Инчунин Рустами Эмомалӣ иттилоъ додааст, ки дар 6 моҳи сипаригардида истеҳсоли барқ ба 587 миллион кВт/с расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 дарсад зиёд будааст.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ корхонаҳои давлатии Тоҷикистон соли гузашта, ҳудуди 2,8 миллиард сомонӣ зарар дидаанд, ки аксари ин зиён ба фаъолияти "Барқи тоҷик" рост меояд.

Ин ниҳод инчунин аз қарзҳои шубҳаовари "Барқи тоҷик" зикр кардааст, ки ҳаҷмашон аз ҳадди 500 миллион сомонӣ гузашта, бозгардонданашон ғайриимкон ба назар мерасад.
Масъулини "Барқи тоҷик" ҷой доштани қарзҳои бесуроғаро қаблан эътироф карда, изҳор доштанд, ки ин қарзҳо асосан аз солҳои қаблӣ боқӣ мондаанд. Қисми зиёди қарз, ки "Барқи тоҷик" ба мардум нисбат медиҳад, ғайривоқеӣ арзёбӣ мешавад.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Талаботро риоя кунед: нигаронии Рустам Эмомалӣ аз сифати биноҳои навсохт дар Душанбе

Қаблан Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон санҷиш гузаронда муайян намуда буд, ки дар бархе аз сохторҳои "Барқи тоҷик" беасос мардумро қарздор мебароранд.

Тибқи ин санҷиш "Барқи тоҷик" қарзи мардумро аз барқ ба маротиб зиёдтар нишон медод ва аксаран талафоти барқ низ ҳамчун қарзи мардум ҳисобот дода мешудааст.

Дар ҳоле, ки коршиносон аз мудирияти нодурусти молиявӣ дар "Барқи тоҷик" интиқод мекунанд, ин ниҳод ба ҳукумат пешниҳод намудааст, ки нархи барқ 15 дарсад боло бурда шавад.

Бори охир нархи барқ дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта ба андозаи 15 дарсад боло рафта буд ва феълан мардум дар кишвар барои як киловат 16,8 дирам пардохт мекунанд. Дар сурати қабули пешниҳоди нави "Барқи тоҷик" нархи барқ барои аҳолӣ 19,3 дирамро ташкил хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0