ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, корҳои сохтмонӣ феълан дар 78 қитъа бо сатҳу сифати баланд, шабонарӯзӣ идома дорад.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон, нахуст аз мавзеи бунёди навбати аввали сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" боздид кард.
Масъулини "Роғун" ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш додаанд, ки то ба имрӯз дар сарбанди нерӯгоҳ 48 адад асбоби санҷишӣ-ченкунӣ васлу насб ва дар асоси лоиҳа беш аз 45 ҳазор метри мураббаъ масолеҳи сохтмонии геомембрана, ки ҳамчун маводи зиддиполоишӣ асосан дар кишварҳои Аврупо истеҳсол карда мешавад, истифода гардидааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар хитоб ба коргарони муҳандисию техникии НБО "Роғун" таъкид намудааст, ки ҳар амали сохтмонӣ дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд иҷро карда шавад, зеро иншооти мазкур ҷузъи асосии нерӯгоҳ ба ҳисоб меравад.
Дар пайи ин Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи аввали хати конвейрӣ иштирок намудааст.
"Бунёди хати конвейрӣ, ки асосан барои интиқоли маводи сарбанд, аз ҷумла сангу шағал басо мусоид аст, аз ҷониби ширкати "Салини Импреҷило" сурат гирифта, дар ҳоли ҳозир 4 ҳазору 200 метрро ташкил медиҳад. Ин хат дар як соат имкони интиқол додани 3 ҳазор тонна сангу шағалро дорад. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, аз конҳои алоҳида бе харҷи зиёдатӣ ва сарфаи вақт сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ ба мавзеи бунёди сарбанди асосӣ интиқол дода мешавад", — омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ афазудааст, ки бо бунёди марҳилаи дуюм масофаи хати конвейрӣ маҷмӯан ба 9 километр мерасад, ки нуқтаи ниҳоии он мавзеи сохтмони садди асосӣ хоҳад буд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки рафти сохтмони Нерӯгоҳ таҳти назорати бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ин омил асоси босифат ва мувофиқи нақша пеш рафтани корҳои сохтмонӣ мебошад.