ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тавре Муҳаббат Абдуллозода, сардори раёсати Ожонси назорати маводи нашъаовар дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ин навҷавонҳо ҳангоми қасди убури ғайриқонунии марз боздошт гардидаанд.
Ба иттилои Абдуллозода боздоштшудагон аз волидон барои хабаргирии наздиконашон дар вилояти Хатлон иҷозат гирифта, бо ин баҳона нияти фирор ба Афғонистонро доштаанд.
Абдуллозода афзуд, ки мақомот аз нияти ҷавонҳо дар пайи гӯш кардани суҳбатҳои телефонияшон бо намояндаи "ДИИШ" дар Афғонистон огоҳ шудаанд.
Феълан алайҳи боздоштшудагон бо иттиҳоми қасди иштирок дар даргириҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.