ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон санҷиши муқаддамотии сабабҳои марги Саймурод Орзуев, сокини ноҳияи Нурободро оғоз кард.
Дар ин бора Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 25 июл хабар дод.
Алӣ Орзуев, падари Саймурод мегӯяд, 25-уми апрели соли 2014 тахминан соати 16:00 се нафар корманди милитсияи ШВКД-и ноҳияи Нуробод писарашро бидуни шарҳ додани сабабҳои боздошт бо худ бурдаанд.
Рӯзи дигар падар бо талоши маълум намудани макони қарордоштаи писараш ба сардори ШВКД ва раиси ноҳияи Нуробод муроҷиат мекунад. Сардори БДА-и ноҳия хабар медиҳад, ки 25-уми апрели соли 2014 соати 19:00 Орзуев Саймуродро ба мошини тамғаи «Жигули»-и рангаш сурх савор карда, ба хона фиристодаанд.
Аммо наздиконаш мегӯянд, ки ҳамон бегоҳ Орзуев Саймурод ба хоҳараш занг зада, бо овози гирён гуфтааст, ки дар бинои ШВКД-и ноҳияи Нуробод қарор дорад.
Тибқи иттилои Эътилофи зидди шиканҷа, дар рӯзи 4-уми ҷустуҷӯи Саймурод, 29-уми апрел, соати 1-и шаб корманди ШВКД ба падари ӯ занг зада, хабар додааст, ки дар соҳили дарёи Комсомолобод ҷасади марде ёфт шудааст ва хоҳиш мекунад, то барои шинос шудан равад.
Алӣ Орзуев иддао дорад, ки бегоҳи 28-уми апрел бегоҳӣ ҳамроҳ бо хешовандон мустақилона ба ҷустуҷӯи писараш баромада буданд ва аз ҷумла ин маконро низ аз назар гузаронданд, аммо онҷо ҷасад набудааст.
Ташхиси судӣ-тиббии №86, аз 29-уми апрели соли 2014 муайян намудааст, ки марг дар натиҷаи афтодан аз болои купрук ва ҷароҳатҳои зиёди ба ҳаёт хатаровар фаро расидааст.
Қаблан додситонии ноҳияи Нуробод ба далели набудани таркиби ҷиноят оғози парвандаи ҷиноиро борҳо рад кардааст. Дар пайи муроҷиати наздикон Додситонии кулли Тоҷикистон санҷиши дигарбораи омилҳои марги Саймурод Орзуевро оғоз кардааст.