ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба Вазорати умури хориҷаи Русия дар пайи куштори Вайдои панҷсола ёддошт ирсол кардааст. Дар ин бора вебгоҳи ниҳод хабар медиҳад.
"Куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди панҷсолаи Тоҷикистон Вайдо Тиллозода боиси нигаронии шадид ва изтироб дар Тоҷикистон гардид", — менависад ВУД ҶТ.
Гуфта мешавад, дар ёддошт ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти Русия даъват намудааст, то тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад.
"Тоҷикистон аз мақомоти марбутаи Русия даъват намуд, то тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад", — таъкид мекунад ВУД.
Пештар вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ дар пийи ин қазия ба роҳбарияти ВУД Русия барқия ирсол карда буд.