Куштигирони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонӣ ду медали тилло касб карданд

© Международная федерация дзюдоДзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар кулл, дар ин мусобиқа 117 варзишкор, аз ҷумла, 69 тан писар ва 48 тан духтар аз 19 кишвар ширкат карданд.

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Куштигирони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии куштӣ дар миёни ҷавонон, ки дар Макао баргузор шуд, 4 медал дарёфт карданд.

 Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии кумитаи миллии олимпики Тоҷикистон, дар ин мусобиқа чаҳор куштигири тоҷик — Хайёмиддин Ҷабборов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Фаридун Холиқов ва Маҳмадулло Лоиқов ширкат карданд.

Ҷабборов ва Маҷидов дар радаи вазнҳои 73 ва 81 килло барандаи медали тилло шуданд.

Холиқов дар радаи вазни 81 кило медали нуқра ва Лоиқов дар радаи вазни 90 кило медали брунз касб кард.

Дар кулл, дар ин мусобиқа 117 варзишкор, аз ҷумла, 69 тан писар ва 48 тан духтар аз 19 кишвар ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0