ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳодисаи куштори духтараки панҷсолаи тоҷикро дар Русия таҳти назорати худ гирифтаанд, гуфт сухангӯи ниҳод Парвиз Наҷмиддин ба Sputnik Тоҷикистон.
"Аз аввалин рӯзҳои фоҷиа кормандони сафорат бо волидони кӯдак иртибот гирифта буданд", — тавзеҳ дод вай.
Сухангӯ афзуд, ки кормандони Консулгарии Тоҷикистон имрӯз, 24 июл ба Серпухов рафтанд, то ба волидони тифл кӯмак кунанд ва барои интиқоли ҷисми Вайдо тамоми ҳуҷҷатҳои лозимаро тартиб диҳанд.
Дар назар аст, ки пагоҳ ҷасади кӯдакро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.
Ёдрас мешавем, пештар Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти муттаҳам дар қатли Вайдо, духтарчаи 5-сола хабар дод, ки ҷасадаш 23 июл аз дохили ҷузвдони варзишӣ дар назди роҳи оҳани шаҳри Серпуховаи вилояти Маскав пайдо гардид. Аз боздоштшуда Александр.С, сокини 28-солаи Серпухова ном бурда мешавад.
Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия алайҳи боздоштшуда бо иттиҳоми озори ҷинсӣ ва қатл парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Вайдо, духтари 5-солаи оилаи Саидовҳо, муҳоҷирони тоҷик мебошад, ки дар шаҳри Серпуховаи вилояти Маскав иҷоранишин будаанд. Марҳум 22 июл аз майдончаи кӯдакон дар назди хонааш нопадид шудааст ва дар пайи кофтукоб ҷасадаш 23 июл пайдо гардид. Расонаҳо менависанд, кӯдаки марҳумро марде бо баҳонаи харидани ширинию яхмос бо худ бурдааст.
Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ Вайдо замоне ғайб задааст, ки модарбузургаш барои чанд дақиқа вориди мағоза шудааст.