Натан тоҷик аст: нуқтаи нокушода аз гузаштаи репери маъруфи гуруҳи Тиматӣ

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПевец Натан Миров (Natan), архивное фото
Певец Натан Миров (Natan), архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Натан Миров, репери маъруфи ширкати продюсерии Black star, 28-уми июл дар шаҳри Душанбе консерт баргузор мекунад

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар ин бора дар сомонаи ширкати Black star хабар дода шудааст.

Консерти мазкур аз ҷониби корхонаи тавлиди нӯшокиҳои "Оби зулол/RC-Cola" дар аквапарки "Делфин" ташкил шуда, интизор меравад, ки ин ширкат нӯшокии нави худ, Mighty Rain-ро муаррифӣ намояд.

Натан Миров аз реперҳои маъруфи ИДМ буда, соли 2013 баъди пирӯзияш дар озмуни "Хуни ҷавон" бо Black star созишнома имзо намудааст. Black star аз ҷониби Тиматӣ, репери шинохтаи Русия соли 2006 ташкил шуда, феълан 13 овозхонро дар бар мегирад.

Натан Миров соли 1986 дар Алмаато дар оилаи духтур аз тоҷикони Бадахшон, таваллуд шуда, дар гуруҳҳои гуногун ҳунарнамоӣ кардааст. "Дерзкая" аз ҷумлаи сурудҳои маъруфи Натан мебошад, ки дар тамоми қаламрави ИДМ зиёд садо медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0