Теннисбози тоҷик дар Амрико соҳиби медали тилло гашт

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкТеннис, архивное фото
Теннис, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бозиҳои ниманиҳоии Сунатулло Исроилов бар варзишкори олмонӣ Прозанно Фернандо пирӯз шуда ба даври финал баромад. Вай дар финал рақиби амрикоиашро шикаст дода соҳиби медали тилло гашт

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон Сунатулло Исроилов дар мусобиқаи Ҷоми асосиатсияҳои Амрико соҳиби ҷойи аввал шуд.

Теннис, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тенисбозони тоҷик қаҳрамони мусобиқаи байнулмилалии навҷавонон шуданд

Мусобиқа дар Ню-Ҷерсии Амрико бо иштироки 32 варзишкор баргузор шуд. Сунатулло бар варзишкорони Ховарда Шермана (Ҳинд), Петр Гремлича (Укроин), Кевин Линитса (Амрико) пирӯз шуда, ба бозитҳои ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври ниманиҳоӣ Сунатулло рақиби олмониашро Прозанно Фернандо шикаст дода ба финал баромад. Дар финал вай рақиби амрикоишро низ шикаст дода соҳиби медали толло гаштааст.

Пештар вай дар мусобиқаҳои Флорида, Ню-Ҷерси ва Ню-Йорк иштирок намуда, соҳиби медалҳои тилло гашта буд. Ҳоло варзишкори тоҷик дар академияи тенниси Флорида таҳсил мекардааст. 

Лентаи хабарҳо
0