Азоби модару бемеҳрии падар: пушти хандаи Ғарибшо чӣ меистад?

© Pixabay / StockSnapКонцерт, архивное фото
Концерт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигори тоҷик, дар бораи азоби модар, бемеҳрии падар, кӯдакии хоксорона ва иҷоранишинияш дар Душанбею тарсаш аз пешниҳоди номзадӣ ба ҷоизаҳои давлатӣ суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигори тоҷик, ки миёни мухлисон бештар бо номи Ғарибшо маъруф аст, саргузашти зиндагии ғамангези худро ошкор сохт.

Раҳимов дар суҳбат бо Орзу Исоев, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар барномаи “Ногуфтаҳо” изҳор дошт, ки ҳанӯз 3 ё 4 – моҳа будааст, ки падараш оилаашонро тарк карда, зани дигар гирифтааст.

Модар Бахтиёр ва 5 фарзанди дигарашро танҳо ба воя расондааст. Ба гуфтаи Раҳимов модараш дар саҳро ва ферма ба ҳайси говдӯш кор мекардааст ва азоби зиёд дидааст.

Ҳунарманди тоҷик Эркин Одинаев - Sputnik Тоҷикистон
Ҷамшед Ҳалим ва Эркин Одинаев тоҷикони Маскавро ба баронома солинавӣ даъват мекунанд

Ӯ афзуд, кӯдакии хоксоронаеро болои як намад паси сар кард ва аз падар танҳо замони синфи 2 ё 3 буданаш як ҷуфт мӯзача туҳфа гирифтааст, ки он ҳам хурд баромад.

Зимни суҳбат Раҳимов зикр кардааст, ки падараш ҷои кори хуб доштааст, роҳбалади қатор будааст, аммо барояш нафақапулиро пардохт намекардааст.

“Танҳо ҳангоми ба аскарӣ рафтан бо тавсияи модар барои гирифтани дуои падар рафтам ва чанд рубле дар кисаам гузошт”, — изҳор дошт ӯ.

Дар ҳоле, ки алам гулӯгираш мекард, Ғарибшо изҳор дошт, ки модар бо вуҷуди машаққатҳои зиёд дар тарбияи ҷигарбандонаш натавонист, аз давлати фарзандон бичашад.  Ба гуфтаи ӯ вақте фарзандон соҳиби мақому давлат шуданд, модар дунёро тарк гуфт.

“Шояд баъди ин суҳбат бисёриҳо аз ман биранҷанд, аммо ошкоро мегӯям, ки бе падар зиндагӣ кардан мешудааст, аммо бе модар мушкил аст”, — гуфт Ғарибшо.  Ӯ таъкид намуд, ки худро танҳо замоне ятим эҳсос кард, ки модарашро аз даст дод.

Мехрона Гайбуллоева - Sputnik Тоҷикистон
Дархости Меҳрона аз Рустам Эмомалӣ: дар таъмини манзил кӯмакам кунед

Раҳимов таъкид намуд, ки сарфи назар аз бемеҳриҳои падар, замони дар бистари бемории падар қарор доштанаш гузаштаро фаромӯш кард.

Ӯ афзуд, барои як муддати кӯтоҳ бо падараш муносиботи дошт, аммо тӯл накашид, чун падар дунёро тарк кард.

Бахтиёр Раҳимов ва Ташриф Халилов аъзои гуруҳи “Ғарибшо”,  аз шинохтатарин ҳаҷвнигорони тоҷик мебошанд. Раҳимов мегӯяд, аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар ин соҳа кор мекунад ва то ҳол ба ивази 250 то 300 доллар дар Душанбе иҷоранишин аст. Дар мавриди ҳамкораш Ташриф Халилов изҳор доштааст, ки ӯ бо кӯмаки шаҳрдорӣ соҳиби хона гардид ва изҳори умед намуд, ки барояш низ чунин рӯз фаро мерасад.

Бахтиёр Раҳимовро се бор бо нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги ҶТ” сарафроз кардаанд. Ӯ мегӯяд, дигар метарсад, ки ҳуҷҷатҳояшро барои ҷоизаҳои давлатӣ пешниҳод кунад, чун эҳтимол дорад, ки бори дигар нишони сарисинагӣ хоҳад гирифт.

Раҳимов таъкид намуд, ки сарфи назар аз мушкилоту ғуссаҳояш бояд ба саҳна барояд ва табъи мухлисонро хуш гардонад.

“Бароям беҳтарин ҷоиза эҳтирому дӯстдории мардум аст, ки онро дорам”, — гуфтааст ӯ.

Лентаи хабарҳо
0