Шаҳрдории Хуҷанд: фарҳанги шаҳрнишиниро риоя карда, дар ободии шаҳр саҳм гузоред

© SputnikФестиваль плова и цветов в Худжанде
Фестиваль плова и цветов в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Воқеан ҳам сокини маъмурии вилояти Суғд-шаҳри бостонии Хуҷанд будан ифтихор аст. Барои ба ин ифтихор сазовор гаштан ҳар як сокини шаҳрро зарур аст, ки фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намуда, дар хуррамгардонӣ, ободиву зебоӣ ва тозагии шаҳр саҳм гузорад", - менависад дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Шаҳрдории Хуҷанд аз сокинони шаҳр хоҳиш кардааст, ки ҳар яки онҳо фарҳанги шаҳрдориро риоя карда, дар ободии шаҳр саҳм гузоранд.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, дар Хуҷанд корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ вусъат мегиранд.

"Сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд бо мақсади ободу зебо гардонидани шаҳр, махсусан сазовор пешвоз намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери шиори "1300 рӯз ободонию созандаг" ба кӯчаву хиёбонҳо баромада, шанбегии умумишаҳрӣ гузарониданд" — гуфта мешавад дар иттилоия.

Подпись документов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақоми нави Муҳайё Акмалхӯҷаева дар Хуҷанд

Манбаъ афзудааст, корҳои ободонӣ асосан дар маҳаллаҳои шаҳр, биноҳои баландошёна, назди муассисаву ташкилотҳо, хиёбонҳои Раҳим Ҷалил, Раҳмон Набиев, кӯчаҳои Сирдарё, Султон Умаров, шоҳроҳи Истиқлол, соҳили дарёи Сир ва ғайраҳо ба амал омада, маҷмуъи зиёди корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд.

"Воқеан ҳам сокини маъмурии вилояти Суғд-шаҳри бостонии Хуҷанд будан ифтихор аст. Барои ба ин ифтихор сазовор гаштан ҳар як сокини шаҳрро зарур аст, ки фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намуда, дар хуррамгардонӣ, ободиву зебоӣ ва тозагии шаҳр саҳм гузорад", — менависад дафтари матбуотӣ.

Пештар, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар як мулоқот бо масъулин ва сокинони ноҳияи Спитамен эълом дошт, ки дар Суғд маъракаи "1300 рӯзи меҳнати зарбдор" эълон шудааст.

Бино бар иттилои раиси вилоят, ин маърака дар вилоят бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил кардани 30-солагии истиқлолияти давлатӣ эълон шуд.

Ба гуфтаи Аҳмадзода, аз ин рӯ дар вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ дар тамоми минтақаҳои вилоят вусъати тоза пайдо намудааст.

Лентаи хабарҳо
0