Ҳунарманди ҷавони узбакистонӣ дар Тошканд зери чархи мошин ба ҳалокат расид

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешСкорая помощь в Узбекистане, архивное фото
Скорая помощь в Узбекистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар гуфтаи шоҳидони ҳодиса,Фарангис Реҷаметова мехост гузаргоҳи пиёдагардонро убур кунад, аммо зери чархи мошин монд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар Тошканд як ҳунарманди ҷавони узбакистонӣ — Фарангис Реҷаметова дар пайи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид, хабар медиҳанд расонаҳои Узбакистон.

Бино бар иттилои манобеъ, ин ҳодисаи нохуш шаби гузашта рух додааст.

Бино бар иттилои шоҳидони ҳодиса, ронандаи худрави хориҷие Фарангисро ҳангоми убури гузаргоҳ пахш кардааст. Ҳунарманд дар роҳ ба бемористон ҷон додааст.
Бо ин далел дар Тошканд тафтишот идома дорад.

Фарангис Реҷаметова духтари ҳунармандони узбакистонӣ Фотима ва Туғон Реҷаметовҳо мебошад.

Ӯ дар филми машҳури Зулфиқор Мусаков "Ояҷон" нақши асосиро бозидааст.

Лентаи хабарҳо
0