Маҳсулоти арзон: дар Хуҷанд ба ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ даъват мекунанд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкЗеленый рынок в Душанбе. Архивное фото
Зеленый рынок в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, нисбат ба бозор бо нархҳои арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд ба сокинони шаҳри Хуҷанд мерсонад, ки дар шаҳр намоишгоҳи маҳсулоти арзони кишвоварзӣ баргузор мешавад.

Бино бар иттилои мнабаъ, намоишгоҳ дар дигар шаҳру навоҳиҳои вилояти Суғд — Бӯстон, Гулистон ва Истиқлод низ баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, дар намоишгоҳ нархҳо нисбат ба бозор арзон хоҳанд буд.

"Дар ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба бозор бо нархҳои арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии Суғд-2018 дар шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
"Суғд-2018" дар Хуҷанд: намоишгоҳи бузург ва фазои аҷиб

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ соати 8-00 оғоз меёбад.

Пештар, шаҳрдории Хуҷанд аз сокинони шаҳр хоҳиш кардааст, ки ҳар яки онҳо фарҳанги шаҳрдориро риоя карда, дар ободии шаҳр саҳм гузоранд.

"Сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд бо мақсади ободу зебо гардонидани шаҳр, махсусан сазовор пешвоз намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери шиори "1300 рӯз ободонию созандаг" ба кӯчаву хиёбонҳо баромада, шанбегии умумишаҳрӣ гузарониданд" — гуфта мешуд дар иттилоияи шаҳрдорӣ.

Манбаъ афзудааст, корҳои ободонӣ асосан дар маҳаллаҳои шаҳр, биноҳои баландошёна, назди муассисаву ташкилотҳо, хиёбонҳои Раҳим Ҷалил, Раҳмон Набиев, кӯчаҳои Сирдарё, Султон Умаров, шоҳроҳи Истиқлол, соҳили дарёи Сир ва ғайраҳо ба амал омада, маҷмуъи зиёди корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд.

Лентаи хабарҳо
0