ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Хадамоти марзбонии Қирғизистон эълом кард,ки гӯё марзбонони тоҷик ду низомии қирғизро дар ҳудуди ҷамоати Ворух ғайриқонунӣ дастгир кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии хадамот, " марзбонони тоҷик дар Ворух ду низомии Хадамоти марзбонии Қирғизистонро қайриқонунӣ дастгир карданд". "Ҳангоми боздошт, мақомоти тоҷик нисбати марзбонон зӯроварӣ карда, яке аз онҳоро лату кӯб кардаанд. Дар натиҷа як низомии қирғиз ҷароҳати сабук бардоштааст", — менависад дафтари матбуотӣ.
Ба иттилои дафтари матбуотӣ, "фаврӣ аз рӯи ин далел намояндагони хадамотҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот карданд, ки дар рафти он ҷониби Қирғизистон аз рафтори ноҳақи ҳамтоёни тоҷикошан шикоят кардаанд".
"Намояндаи Хадамоти марзии Тоҷикистон барои ҳаракати низомиёнаш узрхоҳӣ кард. Дар натиҷаи гуфтушунид марзбонони боздоштшуда озод карда шуданд", — менависад манбаъ.
Тавре манбаъ афзудааст, аз ҷониби намяндагони хадамоти марзӣ байни сокинони Ворух ва деҳаи Оқсойи Қирғизистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон марзбонони қирғиз боздошт шудаанд. Далели боздошти марзбонон ҷанҷол байни сокинони ҷамоати Ворухи Исфара ва марзбонони қирғиз гуфта мешуд.
Бино бар иттилои сокинони Ворух, марзбонон онҳоро барои чӯпонӣ дар мавзеи баҳснок лату кӯб карданд.
Дар натиҷа байни сокинон ва марзбонон муноқиша ба амал омада, марзбонон аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дастгир шудаанд. Ба иттилои як манбаи Sputnik Тоҷикистон аз деҳаи Ворух марзбонони қирғиз бо ҳар баҳона бо сокинони маҳаллӣ хархаша мекунанд. Вай афзуд, "ин баҳонаҳои қирғизҳо мақсадҳои дигареро пайгирӣ мекунад.
"Аз ҷумла онҳо мехоҳад ба оби рӯди Исфара дастрасӣ пайдо кунанд", — афзуд вай.