Раҳмон моҳи август 80 намояндаи илму фарҳанги Тоҷикистонро ба Узбакистон мебарад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Узбакистон ба сафари раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар моҳи август дар назар аст, омодагӣ мебинад

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар рафти сафари расмии кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон раисҷумҳурро 80 намояндаи фарҳанг ва илми Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ин бора  сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов дар ҳамоиши вижаи  "Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Узбакистон" хабар дод.

Ба гуфтаи вай, айни замон Узбакистон ба сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи августи соли равон дар назар аст, омодагӣ мебинад.

Вай афзуд, кишвардори Тоҷикистонро дар ин сафар даҳҳо намояндагони соҳаҳои фарҳанг ва илми Тоҷикистон ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

"Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон  бо мақсади таҳкими  ҳамкории имлию фарҳангии  ду давлат  ҳайати беш аз 80-нафараи намояндагони илму фарҳанг ва аҳли зиёи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар намуда, аз шаҳрҳои  Тошканду Самарқанд  ва дигар шаҳрҳои бостонии  Ӯзбекистон боздид ва бо аҳли илму зиёи Ӯзбекистон мулоқот  мекунанд", — гуфт вай.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба масъулин: барои сафар ба Узбакистон аз имрӯз омодагӣ бинед

Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафар ба вилояти Суғд бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот карда, гуфт, Тоҷикистон ҳам бояд ба сафари ҷавобӣ ба Узбакистон  омодагӣ бинад.

Кишвардор ба масъулин дастур дод, ки омодагӣ ба сафар оғоз шавад.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар рафти сафари расмиаш ба Тоҷикистон дар аввалҳои моҳи март кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо сафари ҷавобӣ ба Узбакистон даъват карда буд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар сафари кориаш ба Тошканд ҳунармандони тоҷик ҳамроҳӣ мекунанд ва дар Узбакистон як Шоми дӯстии дигар баргузор мешавад.

Шоми дӯстӣ — номи барномае буд, ки дар рафти сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳунармандони Тоҷикисону Узбакистон баромад карданд. Дар барнома шахсан Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ширкат доштанд.

Лентаи хабарҳо
0