ВУД: Дар Душанбе дузди тирезашикан дастгир шуд

Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Шоҳрухи Ҳотам - ҷавони 21-солаи сикини пойтахтро ба содир кардани 20 ҳолати ҷурми дуздӣ муттаҳам мекунад

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар Душанбе ҷавонеро ба иттиҳоми дуздӣ дастгир кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, муттаҳам дар пойтахт ба шикастани тирезаҳои мошинҳо аимволи дохили онро ғорат мекардааст.

"Шоҳрухи Ҳотам, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад, гарчанде қаблан бо ҷурми дуздӣ маҳбасӣ гардида бошад, ҳам боз дидаву дониста ба ин кирдори ҷиноятӣ машғул гардидааст", - менависад манбаъ.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баъди 5 сол: Боздошти келине, ки бо пули хушдоман ғайб задаст

Чунончӣ, номбурда санаи 11-уми июли соли равон бо шикастани тиреза аз дохили автомашинаи шаҳрванд Розиқов Фирӯз ду адад телефони мобилӣ ва акумулятор, ки дар маҷмӯъ 2-ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, ба яғмо бурдааст.

Ҳамчунин гумонбаршаванда кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, аз дохили автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" маблағи пулии 2-ҳазор сомониро тасарруф намуда, ба шаҳрванд Миралиев Мирзо зарари ҷиддӣ расонидааст.

Ҳамин тариқ, дастгиршуда Шоҳрухи Ҳотам бо содир кардани зиёда аз 20 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ ба шаҳрвандон наздики 50 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Айни замон ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0