"Помирэнержӣ" ва Олмон сокинони Мурғобро аз мушкилии барқ раҳо мекунанд

© Предоставлено пресс-службой ОАО "Сангтудинская ГЭС-1"Строительная площадка ГЭС, архивное фото
Строительная площадка ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ навсозии неругоҳи хурди барқии Оқсуи ноҳияи Мурғоб пурра ба анҷом расида, сокинони ин ноҳияи баландкӯҳ аз мушкилоти камбуди неруи барқ пурра раҳоӣ меёбанд

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ҳукумати Олмон ва ширкати "Помирэнержӣ" барои навсозии нерӯгоҳи хурди Оқсу дар ноҳияи Мурғоб 8,7 миллион евро ҷудо карданд, хабар медиҳанд расонаҳои расмии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манобеъ, то фарорасии ҷашни Истиқлол навсозии неругоҳ пурра ба анҷом расида, сокинони ин ноҳияи баландкӯҳ аз мушкилоти камбуди неруи барқ пурра раҳоӣ меёбанд.

"Ин неругоҳи хурди барқӣ дар гузашта ҳамагӣ 200 квт/соат қувваи барқ истеҳсол мекард ва мутобиқи реҷа, пас аз чор, баъзан панҷ соат он ба идораву муассиса ва хонаҳои  сокинони маркази ноҳия интиқол меёфт", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Занятия в школе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бори аввал дар Мурғоб толори калони варзишӣ месозанд

Гуфта мешавад, ба иллати сардии ҳаво дар ин ноҳия ягон намуди дарахт намерӯяд, то мардум бо он хонаҳояшонро гарм кунанд. Аз ин рӯ сокинони ноҳия ба сифати ҳезум  аз решаи растании трескен истифода мебаранд, ки он ғизои асосии қутос ба шумор меравад. Дар сурати минбаъд решакан кардани ин растанӣ соҳаи қутоспарварӣ низ рӯ ба таназзул меорад.

Ҳамин тавр,  Олмон барои навсозии  неругоҳ 7,4 млн евро ва ширкати "Помирэнержӣ", ки  ҷудо кард масъулияти сохтмони ин  неругоҳро бар дӯш дорад, боз 1,3 млн евро илова намудааст.

Ба гуфтаи Абдулло Амонбеков, сухангӯи "Помирэнержӣ" неругоҳи қаблӣ аввали солҳои шастум бо тавоноии 500 киловат-соат неруи барқ бунёд ёфта буд, аммо бо сабаби кӯҳнаву фарсуда гаштани таҷҳизоташ солҳои охир ҳамагӣ 200 квт-соат барқ истеҳсол мекард.

Баъди навсозӣ иқтидори барқистеҳсолкунии неругоҳ 8 баробар зиёд гардида, то ба 1,500 квт- соат расонда мешавад.

Баландии сарбанди ҳавзи сунъӣ  64 метр буда, паҳноии он 12 метрро ташкил медиҳад. Дарозии канали обгузар  зиёда аз 3 км мебошад, ки рӯзҳои наздик сохтмони он пурра ба охир мерасад. Хатҳои интиқоли 04 ва 10-киловолтаи неруи барқ пурра иваз карда шуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0