Хоби ронанда бурд: дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ як "Фура" сарозер шуд

© Sputnik / Амир ИсаевДорога Душанбе-Худжанд. Архивное фото
Дорога Душанбе-Худжанд. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мутаассифона ронандаи худрав ба ҳалокат расида мошини боркаш пурра сӯхтааст

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Самада дар шоҳроҳи Душанбе-Чаеноқ боиси марги ронанда ва сӯхтани мошини боркаш шуд, хабар медиҳад вебгоҳи ширкати IRS.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса сӯбҳи имрӯз, 20 июл дар километри 66-уми роҳи Душанбе- Чанокрух додааст.

"Автомобили боркаши  "Фура", ки ҳомили арматура буд, ба садама дучор шуд. Бино бар маълумоти пешакӣ, хоби ронанда бурдааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар пайи садама ронанда ҳалок шуда, як мусофири худрави боркаш ба бемористон дастрас шудааст.

"Роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба аҳли оила ва наздикони нафари ҳалокшуда арзи тасаллият намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд", - менависад вебгоҳи IRS.

Пештар, аввалҳои моҳи июн хабар дода шуд, ки дар пайи боришоти зиёд  дар   шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ  сел омад.

9 июн дар  километри 332 то 335  - уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд сел омад, ки дар натиҷаи як қисми роҳ хароб гардид.

Дертар ширкати IRS паёмадҳои офати табииро бартараф кард.

Лентаи хабарҳо
0