ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои соли хониши 2018 -2019 озмуни стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард.
Гуфта мешавад, озмун бо мақсади татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", дастгирии моддиву маънавӣ, пайдо намудани хонандагони болаёқату фаъол ва бедорсозии ҳисси хештаншиносии наврасону ҷавонон баргузор мегардад.
Ба иттилои манбаъ, довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии ноҳия ва шаҳр гирифтаашонро, ки давоми ду соли охир бо баҳои аъло таҳсил кардаанд, ба унвони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш пешниҳод намоянд.
Даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳои кишвар доир гардида, марҳилаи ниҳоии он аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст мегардад.