ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Роҳбари иктишофи миллии ИМА Дэниэл Коутс аз хабари даъват шудани раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Амрико шигифтзада шуд. Ба ӯ хабар доданд, ки раисҷумҳур Путин тирамоҳ ба Вашингтон даъват шудааст.
"Такрор кунед. Гӯшҳоям маро фиреб намедиҳанд? Хуб, аҷиб мешавад", — гуфт вай дар посух, вақте ки ба ӯ дар ин бора хабар доданд.
Ба гуфтаи Коутс, вай дар бораи омодагии Амрико ба даъвати Путин хабар надошт.
Пештар, сухангӯи раисҷумҳури Амрико Сара Сандерос хабар дод, ки Доналд Трапм аз Путин даъват кардааст, ки тирамоҳ ба Амрико сафар кунад. Мусоҳибаҳо дар ин бора идома доранд.