Пулакӣ: дар Узбакистон ба сиёҳ кардани шишаҳои мошин иҷоза доданд

© Sputnik / Руслан КривобокТонировка автомобиля
Тонировка автомобиля  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Акнун дар Узбакистон бо пардохти иловагӣ тирезаҳои мошинҳоро метавон сиёҳ кард

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бино бар  итиллои Telegram-канали Вазорати адлияи Узбакистон, ба ронандагони кишвар иҷоза доданд, ки шишаҳои худравҳояшонро сиёҳ кунанд.

Қарори вижаи Кабинети вазирони Узбакистон  аз 1-уми август ба тавсиб мерасад.

Вакилони Маҷлиси Узбакистон пешниҳод карданд, ки дар кишвар аз таҷрибаи хориҷа истифода шавад – ба ронандагон оинаҳои сиёҳ пулакӣ иҷоза дода шавад.

Как делают автомобили GM Uzbekistan - Sputnik Тоҷикистон
GM Uzbekistan ба 1,3 миллион доллар ба Тоҷикистон худрав содир кард

Аллакай, нархи иҷозатномаи  насби оинаҳои сиёҳ муайян  шудааст: 90 ҳадди ақали музд ва ё тақрибан 16,5 миллион сум барои шахсони воқеӣ, 120 ҳадди ақали музд ё 22,1 миллион сум барои шахсонӣ ҳуқуқӣ, 140 ҳадди ақали музд ё 25,8 миллион сум барои шахсони ҳуқуқии кишварҳои хориҷ.

Насби оинаҳои торикро идораи давлатӣ-унитарии “Маркази лоиҳҳои навоварӣ ва хизматрасонӣ ба аҳоли”-и назди умури дохилаи Узбекистон дар асоси иҷозатномаи Хадамоти давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кишвар бар ӯҳда дорад. Иҷозатнома барои як сол дода мешавад.

Барои насби хатти сиёҳи қисмати болои шишаи пеши мошинҳои сабукрав иҷозатнома лозим нест. Паҳноии ин хатти сиёҳ набояд аз 14 см зиёд ва равшанигузаронияш аз 30 дар сад поён бошад.

Барои худравҳои хориҷӣ дар Узбакистон 15 доллар молиёт гирифта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев барои воридоти ду намуди худрав ба Узбакистон молиётро лағв кард.

Мувофиқи қарори раисҷумҳур аз якуми январи соли 2019 барои ворид кардани автомобилҳои дорои мотори электрикӣ боҷи гумрукӣ гирифта намешавад.

Лентаи хабарҳо
0