Шок-видео: суқути ҳавопайморо аз дохили он ба навор гирифтанд

Обуна шудан
Лаҳзаи суқути ҳавопаймои думотораро дар ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ яке аз сарнишинони ҳавопаймо ба навор гирифт

Дар навор дида мешавад, ки марде дар назди шишаҳои ҳавопаймо нишаста, то лаҳзаи охир суқути ҳавопайморо дар телефон ба навор мегирад.

Ҳавопаймое, ки мотораш сӯхта буд, то рафт зудтар ба поён мефаромад, сарнишинон ба таҳлука афтода буданд.

Дар охир экран якбори сиёҳ мешавад, сипас садои афтидани ҳавопаймо ба гӯш мерасад. Боз дар экран диди сиёҳи дохили салон пайдо мешавад.

Маълум аст, ки дар пайи ин суқут дар Африқо, ҳавопаймо ба ду қисм тақсим шуда, аз 20 нафар сарнишини ду тан ба ҳалокат расидаанд.

Лентаи хабарҳо
0