Ҳушдори сарвазир баъди таъхиркории чиниҳо дар “Тоҷик Азот”

© Сайт президента Кыргызской РеспубликиПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Хатлон шарҳ дод, ки соҳибкорони маҳаллӣ нуриҳои минералиро ворид накарданд, чун интизор доштанд, ки корхонаи Сарбанд фаъол мешаваду моли онҳо ба савдо нахоҳад рафт

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ҳушдор додааст, ки агар ширкати чинии "Хэнан Чжун-Я”-и Чин бори дигар дар фаъолсозии корхонаи “Нуриҳои Осиё”, собиқ “Тоҷик Азот”-и Сарбанд ба таъхиркорӣ роҳ диҳад, созишнома бо он қатъ карда шавад.

Дар ин бора Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, 18-уми июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи Гулмаҳмадзода ширкати чинӣ қисмате аз саҳмияҳои корхонаро ба даст оварда, бояд то баҳори соли 2018 корхонаро фаъол мекард. Баъдан ваъда додаанд, ки моҳи август фаъол мекунанд, аммо бо такя ба вазъи феълӣ дар корхона, раиси Хатлон гуфт, эҳтимол корхона боз фаъол нашавад.  Дар мавриди далели таъхиркории чиниҳо, Гулмаҳмадзода афзуд, инро бояд аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пурсид, чун маъмурияти вилояти Хатлон салоҳияти таъсиррасонӣ ба сармоягузоронро надорад.

Ӯ гила кард, ки интизории зиёд боиси камбуди нуриҳои минералӣ дар минтақа шудааст. Раиси Хатлон шарҳ дод, ки соҳибкорони маҳаллӣ нуриҳои минералиро ворид накарданд, чун интизор доштанд, ки корхонаи Сарбанд фаъол мешаваду моли онҳо ба савдо нахоҳад рафт.

Лентаи хабарҳо
0