Вазир адлия: Ду роҳи озодшавии Зайд Саидов мавҷуд аст

© Sputnik / Махпора КиромоваМинистр юстиции Таджикистана Рустами Шохмурод
Министр юстиции Таджикистана Рустами Шохмурод - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мавриди қарори дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, ки озодии Зайд Саидовро талаб кардааст, вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, дар сурати дастрас намудани қарор, онро баррасӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, ду роҳи озодшавии Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба зиндон мавҷуд аст.

Шоҳмурод имрӯз, 18-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, яке аз ду роҳи озодии Зайд Саидов ин бахшиши раисиҷумҳури Тоҷикистон ва дигаре шомил шудани маҳкумшуда ба афви умумӣ мебошад.

Дар мавриди қарори дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, ки озодии Зайд Саидовро талаб кардааст, вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, дар сурати дастрас намудани қарор, онро баррасӣ хоҳанд кард.

Масъулини раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати адлия гуфтанд, чунин таҷрибаҳо қаблан ҳам ҷой доштанд. Қаблан низ СММ дар мавриди бархе парвандаҳо тавсия дода буд ва тибқи меъёр, коршиносони Вазорати адлия меомӯзанд, ки то куҷо далелҳои пешниҳодкардаи СММ асосноканд.

Зайд Саидов, собиқ соҳибкор ва вазири саноати Тоҷикистон мебошад, ки ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст. Ахиран дафтари ҳуққуқи башари СММ аз Тоҷикистон раҳоии Саидовро талаб карда, изҳор дошт, ки дар сурати зарурат мурофиаи шаффофи ӯро таъмин кунанд.

Лентаи хабарҳо
0