ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дар кишварҳои арабӣ 470 ҷангҷӯи тоҷике, ки дар қатори гурӯҳҳои террористӣ меҷангиданд, кушта шуданд, иттилоъ додааст ТоҷикТа дар истинод ба додситонии кулли Тоҷикистон.
Додситонии кулли Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки имрӯзҳо бар зидди ҳукуматҳои расмӣ дар кишварҳои арабӣ меҷанганд, дақиқ нест.
Аммо Додситонии кулли Тоҷикистон таъкид кардааст, ки беш аз 450 шаҳрванди Тоҷикистон бино бар иштирокашон дар гурӯҳҳои террористӣ ба маҳбасҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон афтодаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки қаблан Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълон карда буд, ки танҳо соли 2017 дар қаламрави Сурия ва Ироқ беш аз 250 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қатори гуурӯҳҳои терористӣ меҷангиданд, ҷони худро аз даст доданд.
Бино ба иттилои ширкати тадқиқотии Soufan Group Амрико, то ноябри соли 2017 ба Сурия ва Ироқ 1300 шаҳрванди Тоҷикистон рафта ва ба гурӯҳҳои терористӣ пайваст шуданд. Се ҳазор нафари дигар дар марзи Туркия дастгир шуда, ба ватанашон баргардонида шуданд.
Ин дар ҳолест, ки соли 2015 додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон хабар дода буд, ки дар қатори гуруҳи ДОИШ 300 шаҳрванди Тоҷикистон мавҷуд аст, ки синнашон аз 18 то 35-сола будааст. Ҳудуди 40 нафари онҳо бо хонаводаҳои худ рафтанд.
Яке аз чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон, ки ба Сурия фирор кард ва ба гурӯҳи террористӣ пайваст, Гулмурод Ҳалимов собиқ фармондеҳи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон мебошад.