ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бино ба иттилои ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, ҳарорат шабона +14+ 19 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22 +27 ва рӯзона +40 + 44 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 19+24 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор шуда, шабона +20+22 ва рӯзона +41+43 дараҷа гарм мешавад.