ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Неъматуллоҳ Имомзода сафири Тоҷикистон дар Эрон афзуда аст, ки густариши ҳамкориҳо ва бастани тафоҳумномаҳои дуҷониба гӯёи сатҳи олии равобит байни ду кишвари дӯст ва ҳамзабон аст, хабар додааст хабаргузории ИРНА.
Ба гуфтаи Имомзода дар ҳоли ҳозир миёни Тоҷикистону Эрон беш аз 160 санади ҳамкории дуҷониба дар ҳоли иҷро мебошанд.
Сафир таъкид кардааст, ки Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо Эрон ҳамеша омода аст.
Вай афзуд, дар чанд соли гузашта миёни Тоҷикистону Эрон қарордодҳо дар соҳаҳои гуногун, ба хусус созишномаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ баста шудааст.