Қариб 2 млрд сомонӣ: Афзоиши истеҳсолоти саноатӣ дар Гулистон

© Пресс служба президента РТФабрика "Фарм Сугд", архивное фото
Фабрика Фарм Сугд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуаҳад Ҳакимзода, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон, зимни маҷлиси фаъолони шаҳр эълон намудааст, ки корхонаҳои шаҳр ба маблағи беш аз 1,8 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон, Абдуаҳад Ҳакимзода, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба иқтисодиёти шаҳри 253,9 млн сомонӣ сармоягузорӣ ҷалб шуда, ки 211,7 млн сомонии он сармоягузориҳои хориҷӣ ва 42,3 млн сомонии дигар сармоягузориҳои дохилӣ мебошад.

Инчунин вай таъкид кардааст, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои шаҳр ба маблағи беш аз 1,8 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давараи соли гузашта 33,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Вай афзуд, ки дар ин давра истеҳсоли 93 намуди маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон афзоиш ёфтааст.

 

Лентаи хабарҳо
0