ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Эралихон, амири қирғизҳои Помири хурд, ҳафтаи гузашта дар синни 68-солагӣ даргузаштааст.
Sputnik Қирғизистон, аз қавли Чолпон Султонбекова, собиқ ноиби сарвазири ин кишвар иттилоъ дод, ки ҷасади роҳбари қирғизҳои Помир 14-уми июл ба хок супорида шуд.
“Қаблан ҳангоми боздидам аз Помир, Эралихон гуфт, ки бемор аст. Баъдтар ӯро барои табобат ба беморхонаи Мурғоби Тоҷикистон равон карданд. Рӯзи 13-уми июл Эралихон даргузашт ва рӯзи дигар ӯро ба хок супурданд”, - иттилоъ додааст Султонбекова.
Ба гуфтаи собиқ ноиби сарвазири Қирғизистон, феълан масъалаи амири нав дар ҳоли баррасист ва бисёриҳо мехоҳанд писари марҳум – Жээнбойро амири нав бинанд.
Қирғизҳо аз соли 1575, дар чанд марҳила муҳоҷират ба Помирро оғоз карда буданд. Баъди тақсимбандии сиёсӣ миёни Ҳинди Бритониё ва Осиёи Марказии Русия, қисмате аз водии Вахон ба Афғонистон гузашт ва қирғизҳои минтақа низ ба ду гуруҳи калон тақсим шуданд.