Қарзи “Барқи тоҷик” аз Сангтӯда-1 ва 2 марзи 2,2 млрд сомониро убур кард

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание энергохолдинга "Барки точик", архивное фото
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати “Барқи тоҷик” дар назди нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтуда-1" ва "Сангтӯда -2" беш аз 2,2 миллиард сомонӣ қарздор аст

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз НБО Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 беш аз 2 млрд 221 миллион сомониро ташкил медиҳад.

"Қарзи "Барқи тоҷик" назди ширкати "Сангтӯда-1" ба 1 миллиард сомонӣ расидааст. Дар ҳамин ҳол қарзи ширкат назди НБО Сангтӯда-2-и Эрон зиёда аз 1 млрд 221 млн. сомонӣ шудааст", — таъкид кардааст манбаъ.

Инчунин манбаъ афзудааст, ки "Барқи тоҷк" аз ҳисоби харид ва таҳвили зуғолсанг 14,8 млн сомонӣ низ қарздор шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки моҳи июн соли ҷорӣ Вебгоҳи нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" хабар дода буд, ки ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳ 954,5 миллион сомонӣ қарздор шудааст.

ҶСК "НБО Сангтӯда-1" — муассисаи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, ки моҳи феврали соли 2005 дар дарёи Вахши Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Иқтидори муқарраршудаи "Сангтуда-1" 670 МВт аст.

Аввалин гидроагрегати нерӯгоҳ 20 январи соли 2008 ба кор оғоз кард.

Чаҳор гидроагрегати нерӯгоҳи барқии обӣ 31 июли соли 2009 расман ба кор шурӯъ кард. Саҳми умумии коркарди нерӯи барқи НБО Сангтӯда-1, 12 дар сади тавлиди кулли нерӯи барқи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда-2 иқтидораш 220 МВт, моҳи феврали соли 2006 шурӯъ ба кор кард. Хароҷоти умумии сохтмон 220 млн доллар буда, 180 млн. доллари онро Эрон бар ӯҳда гирифта буд, Ҳиссаи Тоҷикистон танҳо 40 млн. доллар будааст. Баъди аз ба истифода додани НБО Сангтӯда-2, Эрон ин иншоотро 12,5 сол ба истифода бурда, баъд ба ихтиёри Тоҷикистон месупорад.

Мувофики шартномаи байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистон интиқоли барқ аз ҷумлаи барқи истеҳсолшудаи НБО Сангтӯда-2, дар фасли тобистон ба воситаи хати баландшиддати барқии Сангтӯда — Пули Хумрӣ ба Афғонистон содир мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0