Сигоркашии Гадоев – эълони сабаби сӯхтор дар “Корвон”

© SputnikОцепление рынка "Корвон" после пожара в Душанбе
Оцепление рынка Корвон  после пожара в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулин аз гунаҳкори сар задани ин сӯхтор Ширин Гадоев, сокини 29-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ном бурда, таъкид намуданд, ки ӯ аллакай ҷарима шудааст

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Раёсати сӯхторхомӯшкунии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтори рӯзи 14-уми июл дар бозори “Корвон”-ро сикоркашии як ҷавон хонд.  Масъулин аз гунаҳкори сар задани сӯхтор Ширин Гадоев, сокини 29-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ном бурда, таъкид намуданд, ки ӯ аллакай ҷаримабандӣ шудааст.

Тибқи иттилоияи расмӣ, сӯхтор 14 июли соли 2018, соати 13:30 дар нуқтаи фурӯши пахтаи соҳибкори инфиродӣ, Хуршед Ҳалимов сар зад. Масъулин мегӯянд, оташнишонҳо сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, сӯхторро хомӯш кардаанд.

Дар мавриди хисороти моддии сӯхтор, мақомоти оташнишонии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар пайи он 135 кило пахта талаф ёфтааст.

Қаблан шоҳидони ҳодиса изҳор дошта буданд, ки сӯхтор дар пайи гармии шадид, худ ба худ сар зада, асосан бастаҳои пахта оташ гирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки “Корвон” дар гузашта чандин бор оташ гирифта, садҳо тоҷир зарари калони моддӣ диданд. Дар пайи сӯхторҳои пай дар пай мақомоти Тоҷикистон дастаи махсуси оташнишониро дар “Корвон” ташкил доданд, то аз сӯхторҳои минбаъда саривақт ҷилавгирӣ кунад.

Лентаи хабарҳо
0