Маъракаи миллӣ оид ба фарогирии масоили маъюбият: Ҳар яки мо – тавоно!

© SputnikНациональный день бега в Душанбе
Национальный день бега в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин маъракаи нахустини шашмоҳа дар доираи «Барномаи миллии тавонбахшии шахсони дорои маъюбият барои солҳои 2017-2020» омода гардидааст

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik.  Ҳукумати Тоҷикистон, ЮНИСЕФ ва шарикон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ имрӯз, 16-уми июл дар кишвар Маъракаи миллӣ оид ба фарогирии масоили маъюбиятро оғоз мебахшанд.

Тибқи иттилоияи масъулини маърака, ҳадаф аз роҳандозии он ташвиқи эҳтиром ба ҳуқуқ ва шаъну шарафи кӯдакон, занон ва мардони дорои маъюбият, коҳиши доғгузорӣ ва рафъи тасаввуроти ғалат дар бораи маъюбият, инчунин бунёди ҷомеаи фарогир бо имконот барои ҳамагон мебошад.

Манбаъ мегӯяд, маъракаи миллӣ таҳти шиори “Ҳар яки мо – тавоно!” ҷараён мегирад.  Зимнан таъкид мегардад, ки ҳар як узви ҷомеаи Тоҷикистон барои субот, муттаҳидӣ ва инкишоф саҳми арзандаи худро гузошта метавонад.

Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расонид, ки ин барои дигаргуниҳои мусбат дар соҳаҳои қонунгузорӣ ва сиёсат заминаи мусоид фароҳам оварда, пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи шахсони дорои маъюбиятро таъмин мекунад.

Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар Рашт 80 кӯдакро ройгон хатна карданд

Маъракаи мазкур ба дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон равона шудааст.

“Ин маъракаи нахустини шашмоҳа дар доираи «Барномаи миллии тавонбахшии шахсони дорои маъюбият барои солҳои 2017-2020» омода гардида, барои бунёди ҷомеаи фарогири иҷтимоӣ мусоидат мекунад”, - изҳор доштаанд баргузоркунандагони он.

Дар ҳафтаю моҳҳои оянда матолиби гуногуни расонаӣ, аз ҷумла, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, филмҳои тасвирии кӯтоҳ ва ғайра, ки дар доираи ҳамин маърака таҳия шудаанд, ба доираи васеи мухотабон дар Тоҷикистон тавассути ВАО,  инчунин зимни ҷорабиниҳо оид ба сафарбаркунии ҷомеа пешниҳод карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0