Фатҳи қуллаи Карл Маркс аз сӯи кӯҳнавардони тоҷик

© PixabayАльпинист при восхождении на гору, архивное фото
Альпинист при восхождении на гору, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Панҷ кӯҳнаварди тоҷик қуллаи ба номи Карл Марксро дар куҳҳои Помир фатҳ карда, парчами Тоҷикистон дар ин қуллаи баланд насб карданд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, панҷ кӯҳнаварди тоҷик дар доираи барномаи бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ, қуллаи Карл Марксро, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии Вилояти Бадахшон дар баландии 6 ҳазору 723 метр ҷойгир аст, фатҳ намуданд.

Ба гуфтаи манбаъ ташкилкунандаи ин экспедитсия ширкати сайёҳии «Mountain Adventure Travel Tajikistan» будааст.

"Ташкилкунандагон хати ҳаракатро бо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамоҳанг намуда буданд",- тавзеҳ дод кумита.

Ифтитоҳи “Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии тоҷик дар АМА - Sputnik Тоҷикистон
Гардишгарони арабро бо шикору кӯҳнавардӣ ба Тоҷикистон ҷалб мекунанд

Инчунин манбаъ таъкид кардааст, ки Шаъбон Яфталиев, корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ин сафар амнияти кӯҳнавардонро бар ӯҳда дошта, онҳоро ҳамроҳӣ кардааст.

"Панҷ кӯҳнавард қуллаи Карл Марксро фатҳ намуда, айни замон дар тараддуди поин омадан аз қуллаи фатҳшуда мебошад", —афзудааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0