Суғд дар Интернет сармоягузор меҷӯяд

© Фото : Официальная страницы президента РТ в FAcebookНа фабрике по производству атласа в Худжанде
На фабрике по производству атласа в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдории Хуҷанд бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ дар интернет пойгоҳи инвеститсионии шаҳрро таҳия ва роҳандозӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Бино ба иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд, ҳадаф аз ташкили чунин пойгоҳ дар интернет, инъикоси имконияту иқтидорҳои мавҷудаи минтақа барои ҷалби сармоя ба иқтисодиёти шаҳр мебошад.

Ба гуфтаи манбаъ, масъулини Хуҷанд барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар пойгоҳи мазкур якчанд лоиҳаҳои инвеститсионии шаҳрро ба сармоягузорон пешниҳод хоҳанд кард.

Раджаббой Ахмадзода председатель Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Боздиди раиси Суғд аз иншооти бунёдшаванда дар Хуҷанд

Барои мисол шаҳрдории Хуҷанд тасмим гирифтааст, барои сохтмони коргоҳи коркарди пӯст ба маблағи 12,5 млн. доллар, корхонаи кафшбарорӣ ба маблағи 12,6 млн. доллар, коргоҳи истеҳсоли зарфҳои шишагин ба маблағи 17,0 млн. доллар, коргоҳи коркарди мева ва истеҳсоли консерва ба маблағи 11,7 млн. доллар, яхдону сардхонаҳои гуногунҳаҷм ба маблағи 3,1 млн. доллар, корхонаи дорусозӣ ба маблағи 45,0 млн. доллар ва корхонаи қаннодӣ ба маблағи 3,5 млн. доллар, сармоягузор ҷалб намояд.

Ин дар ҳолест, дар Суғд минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият дорад. Яке аз мақсадҳои ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад. Минтақаи озоди иқтисодӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзнок ва низоми махсуси иқтисодӣ муҳайё мекунад.

 

Лентаи хабарҳо
0