Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Қарори нав: Манъи телефону планшетфурӯшӣ бе иҷозати Хадамоти алоқа

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкСмартфон iPhone X, архивное фото
Смартфон iPhone X, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарор дар ин бора аллакай содир шудааст ва ба наздикӣ амалӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Фурӯши телефонҳои мобилӣ ва пленшет дар Тоҷикистон бо иҷозатномаҳои махсус роҳандозӣ хоҳад шуд.

Илҳомҷон Атоев, муовини сардори  Хадамоти алоқа, имрӯз, 16-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт,  дар назар аст минбаъд фурӯши телефонҳои мобилӣ ва планшет бо иҷозатномаи Хадамоти алоқа роҳандозӣ гардад.

Студенты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон интернети марокизи донишгоҳиро қатъ кард

Ӯ таъкид намуд, ки дар ин бора аллакай қарор содир шудааст ва ба наздикӣ амалӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи Атоев ҳадаф аз ин қарор пешгирии воридоту фурӯши ғайриқонунии дастгоҳҳо мебошад. Масъулини Хадамоти алоқа мегӯянд, ин ниҳод ба ивази маблағ дастгоҳҳои алоқаи мобилиро месанҷад ва сертификати мутобиқат медиҳад.

Ин вазифаи нави Хадамоти алоқа дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ниҳоди махсуси алоҳида - "Тоҷикстандарт" ба санҷиши мутобиқати молу маҳсулот ба меъёрҳо ва додани сертификат мешғул мебошад. 

Атоев ахиран изҳор дошта буд, ки ширкатҳои мобилӣ бояд IMEI- нишондоди байналмилалии дастгоҳҳои алоқаро, ки арқоми зиёдро фаро мегирад, сабт намоянд.  Ӯ шарҳ дода буд, ки ин иқдом барои ҷилавгирӣ аз дуздии дастгоҳҳои алоқа ва пешгирии воридотии ғайриқонунии онҳо мусоидат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0