Имомхатиби Рашт: ба касе маблағ надодааму аз ман ҳам талаб накардаанд

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони в конверте, архивное фото
Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти умури дини Тоҷикистон иддаоро, ки руҳоният дар кишвар ба тиҷорат табдил ёфтааст, туҳмати хоинони миллат хонданд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Нуриддин Файзуллоев, имомхатиби  масҷиди  ҷомеи ҷамоати  деҳоти  Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт, бо нашри як матлаб дар сомонаи расмии Кумитаи дини Тоҷикистон изҳор доштааст, ки то ҳол ба касе маблағ надодааст.

Файзуллоев мегӯяд, се сол боз  ҳамчун  хатиби  масҷиди  ҷомеъ кор мекунад ва масъулияти имомии панҷвақтаро бар дӯш дорад.

Служба в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бояд торихро донанд: имомхатибони масҷидҳо ба тамошои осорхона мераванд

“Дар ин муддат Худо шоҳид аст, ки ягон маблағ  ба  касе  надодаам  ва  касе аз  ман  чизе талаб  накардааст ва дар ҳамаи  

намозҳои  панҷвақта ба қадри дониш амри маъруф ва  наҳи мункар  карда истодам. Касе инро манъ накардааст”, — таъкид намудааст имомхатиб.

Масъулини умури дин аз мардуми кишвар даъват кардаанд, ки ба даъвои паҳншуда дар интернет дар мавриди густарда будани фасод дар соҳаи руҳонияти Тоҷикистон ва ба тиҷорат тавъам будани онро бовар накунанд, чун он найранги навбатии наҳзатиён мебошад.

Лентаи хабарҳо
0