ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Маъмурияти “Футбол – это жизнь”, маъруфтарин гуруҳи фейсбукии Тоҷикистон оид ба футбол дар бораи барандаи Ҷоми Ҷаҳон-2018 назарпурсӣ гузарондааст.
Тибқи ин назарпурсӣ, ки то соати 14:00 бо вақти Маскав, беш аз 1100 нафар дар он иштирок кардаанд, аксарият ҷонибдори пирӯзии дастаи Хорватия мебошанд.
Ҳудуди 60 дарсад, беш аз 650 раъйдиҳанда изҳор доштаанд, ки барои пирӯзии дастаи Хорватия мухлисӣ хоҳанд кард. Ҷонибдорони пирӯзии Фаронса, 40 дарсад, ҳудуди 450 нафарро ташкил додаанд.
Бар асоси ин назарпурсӣ аксари тоҷикистониён изҳор доштаанд, ки ҳаводори дастаи Хорватияанд ва пирӯзии ин дастаро интизоранд. Мухлисон мегӯянд, мехоҳанд қаҳрамони навро дар ҷаҳон бинанд, гарчанде имконоти Хорватия дар қиёс бо Фаронса чандон бузург ба назар намерасад.
Бозии ниҳоӣ барои Ҷоми Ҷаҳон-2018 соати 18:00 бо вақти Маскав миёни дастаҳои Хорватия ва Фаронса баргузор мегардад.