ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар бозии ниҳоӣ миёни тими Хорватия ва Фаронса, ки шоми имрӯз, 15-уми июл дар варзишгоҳи “Лужники” баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кремл, маросими ҷоизасупорӣ ба барандаи Ҷоми Ҷаҳон -2018 низ бо иштироки Путин сурат мегирад. Қабл аз бозии ниҳоӣ мулоқоти раисиҷумҳури Русия бо роҳбарони Фаронса, Хорватия, Маҷористон ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар назар аст.
Дар маҷмуъ иштироки 14 роҳбари кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Арманистон, Белорусия, Габон, Судон, Фаронса, Хорватия, Абхазистон, Осетияи ҷанубӣ, Қатар, Қирғизистон, Маҷористон, Молдова ва роҳбари Фаластин дар бозии ниҳоии ҶҶ-2018 дар назар аст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамтоёнаш аз Қазоқистон, Узбекистон, Белорусия, Озарбойҷон дар ифтитоҳи мусобиқоти ҶҶ-2018 иштирок карда буд.