Кумитаи амният: Ҳамлаи террористӣ ба автобуси низомиён дар Душанбе ошкор шуд

© SputnikМашины милиции в Душанбе, архивное фото
Машины милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, Хуршед Раҷабов, муттаҳам дар ин ҷиноят 26 июни соли 2018, замоне, ки бо ному насаби дигар вориди кишвар шуд, боздошт гардид

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳамлаи террористии маргбори 22 соли пеш ба автобуси низомиён дар Душанберо ошкор кардааст.

Тибқи иттилоияи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хуршед Раҷабов, муттаҳам дар ин ҷиноят 26 июни соли равон, замоне ки бо ному насаби дигар хост вориди Тоҷикистон шавад, боздошт гардид.

Ин ниҳод зикр кардааст, ки 18 июни соли 1996 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, автобуси ҳарбии тамғаи «Урал»-и Вазорати мудофиа ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳонаи афроди номаълум қарор гирифта буд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: мо бо ҳизби терористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем

“Дар натиҷа, хизматчиёни ҳарбӣ — Меҳмон Ҳисочаев, Абдулазиз Абдулҳамидович Шукуров, Частухин Георгий Вячеславович, Ишанова Наталя Борисовна, Шутов Георгий Григоревич, Григорчук Василий Семёнович, Капланов Алӣ Суннатович, Престурякова С., Овчинникова В., Зайниева Л. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Ишанова Наталя Борисовна бар асари захмҳои бардоштааш ба ҳалокат расид”, — омадааст дар иттилоияи Кумитаи амният.

Манбаъ афзуд, дар доираи парвандаи ҷиноятӣ муайян шуд, ки сокинони маҳаллаи 102-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе — Сафро Сидиқова, Сидиқов Ҷамшед Таварбекович ва Азимова Фотима Рашидовна ду ҳамлагар ба автобуси низомиёнро дидаанд, ки яке аз онҳо Раҷабов Хуршед Аҳтамович мебошад.

Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Саидмукаррам Абдулқодирзода: ҲНИТ ҳанӯз аз солҳои 70-ум мехост Ҳукуматро ба даст гирад

Тибқи иттилои Кумитаи амният дар пайи нишондоди шоҳидон Раҷабов Хуршед Аҳтамович, соли таваллудаш 1970, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Аммо ба гуфтаи маъмурини амният Раҷабов Хуршед ва шариконаш шоҳидонро бо таҳдиди нест кардани хонаводаашон маҷбур кардаанд, ки нишондодашонро иваз кунанд.  Бар асоси иттилоия,  Хуршед Раҷабов бо гирифтани забонхат дар бораи тарк накардани маҳали истиқомат, аз ҳабси пешакӣ озод гардида, аз Тоҷикистон фирор кардааст.

Манбаъ афзудааст, ки баъди 22 сол зимни пурсиш Хуршед Раҷабов нақл кардааст, ки солҳои 1993-1994, бо се нафар – Алишер, Абдулло ва Шамик, аъзои ташкилоти террористии наҳзати исломӣ шинос шудааст. Сарварии гурӯҳро Алишер ба уҳда дошта, онҳо ҳамеша бо худ силоҳ доштаанд.

Подозреваемые в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чаҳор тан аз зердастони Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шуданд

Кумита аз қавли Хуршед Раҷабов иттилоъ додааст, ки ин се нафар пайваста дар бораи наздикиашон ба Абдуҳалим Назарзода, ё ба гуфти худи онҳо «Ҳоҷӣ Ҳалим» нақл мекарданд.

“Дар робита бо сӯиқасд ба ҷони низомиён, Хуршед Раҷабов, тавассути Алишер, супориши Ҳоҷӣ Ҳалимро мегирад, ки муддати ду шабонарӯз хатсайри автобуси хизматчиёни ҳарбиро омӯхта, самт, соату дақиқаи ҳаракати онро дар маҳаллаи 102-юми шаҳри Душанбе муайян созад ва нақшаи онро ба Алишер диҳад”, — омадааст дар изҳороти Кумитаи амният.

Ба иттилои манбаъ баъди анҷом додани ин дастур, Алишер ба Раҷабов Хуршед 300 доллари амрикоӣ додааст.

“Онҳо нақшаро гирифта, ба ман 300 доллари амрикоӣ дода, гуфтанд, ки аъзоёни Ҳизби наҳзати исломем. Командирамон Ҳоҷӣ Ҳалим мебошад. Ту аз ҳеҷ чиз натарс. Қумандони мо  шахси бақувват аст”, — иттилоъ додааст Кумитаи амният аз қавли Раҷабов.

Мақомот таъкид кардаанд, ки феълан амалиёт барои ошкор кардани шарикони дигари ин ҷиноят идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0