Сутунпояи Парчами Масчоро аз Конибодом 7 метр баландтар месозанд

© Sputnik / Рубен ГарсияНациональный флаг Таджикистана
Национальный флаг Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шахсан бо мутахассисон макони бунёди майдони Парчамро интихоб кард

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар ноҳияи Масчо низ майдони Парчами давлатии Тоҷикистон бунёд мешавад, ки сутунпояаш 50 метр баландиро ташкил хоҳад дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, майдон дар маркази ноҳия, назди бинои Ҷамоати шаҳраки Бӯстон бо дастгирии Ҳукумати вилояти Суғд сохта мешавад.

"Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ якҷоя бо мутахассисон мавзеъ барои бунёди майдони Парчамро интихоб намуда, барои омода намудани лоиҳаи он масъулинро вазифадор кард", — менависад манбаъ.

Манбаъ меафзояд, баландии сутунпояи Парчам 50 метрро ташкил хоҳад дод.

Ёдрас мешавем, чанде пеш дар шаҳри Конибодом боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки дар он муҷассами шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатии Тоҷикистон бунёд шудаааст, ифтитоҳ гардид.

 Баландии сутунпояи парчами Тоҷикистон 43 метр дошта 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ доштааст.

Лентаи хабарҳо
0